Иди борон? Дар Тоҷикистон боз як ҷашни қадимиро роҳандозӣ мекунанд

Президенти Академияи улуми Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ҷашни "Тиргон", яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, пеш аз зуҳури Ислом таҷлил мешуд ва қарор аст таҷлили он дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Фарҳод Раҳимӣ зимни як нишасти хабарӣ, имрӯз, 10 феврал, гуфт, ин ҷашни нав дар сарчашмаҳои таърихии мардуми ориёинажод зикр шуда, аз соҳибҷашн будани тоҷикони қадимӣ дарак медиҳад.

"Дар таърихи мардуми ориёнажод ҷашнҳо зиёд буданд. Мо ҳамаро номнавис кардем. Маълум шуд, ки ҳар ду моҳ, ки табиат тағйир меёбад, мардуми ориёнажод як ҷашн мегирифтанд. Маъмултаринашон, ки то ба мо омада расид, Наврӯз буд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар эҳё шуд ва феълан бошукуҳ таҷлил мешавад", - гуфт Раҳимӣ.

Президенти Академияи улум афзуд, агар ҷашни Сада омодагӣ ба гармшавӣ ё "ҷашни пирӯзии гармӣ ба сардӣ" аст ва иди Меҳргонро ҳамчун ҷашни ҳосил қабул кардем, ҳоло таҳқиқоти олимони мо нишон медиҳад, ки мо як ҷашни густардаи дигаре ҳам доштаем ба номи "Тиргон".

Эҳё кардем: Раҳмон аз мухолифати мутаассибону ҷашни Сада бахшида ба кашфи оташ гуфт

"Тибқи сарчашмаҳое, ки мо дорем ва олимону коршиносон ҳам дар ин масъала таҳқиқот бурдаанд, "Тиргон" ҷашни даъвати борон аст. Ва тақрибан ба оғози моҳи аввали июн рост меояд. Дар замонаҳои то зуҳури ислом дар сарзаминҳои ориёнишин мардум ҷамъ меомаданд ва тибқи эътиқодоте, ки доштанд, аз Худо талаб мекарданд, ки борон биёяд, то ҳосил зиёд шавад", - шарҳ дод Фарҳод Раҳимӣ.

Вай афзуд, мардуми ориёинажод ин ҷашнро дар сатҳи баланд таҷлил мекарданд ва зикри он дар "Шоҳнома" - и Фирдавсӣ ва дар дигар асарҳои илмӣ низ рафтааст.

"Мо бо эҳё кардани ин ҷашнҳо исбот мекунем, ки мардуми мо куҳанбунёд, соҳиби ҳамин марзу бум асту тамаддунсозу тамаддунофар", - хулоса кард ӯ.