Таъхири 13-соатии парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанбе

Парвози ҳавопаймои ширкати Somon Air таҳти рақами SZ-204 аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе ба муҳлати 13 соат ба таъхир афтод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Таъхири парвози ҳавопаймои Somon Air дар хатсайри Петербург - Душанбе шаби якшанбе ба душанбе сурат гирифтааст. Иттилоъ дар бораи тағйири вақти парвоз дар овезаи электронии  фурудгоҳи Пулково ҷой дода шудааст.

Таъхири 12-соатии парвози ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Петербург ба Душанбе

Бар асоси иттилои нашршуда, мусофиронро зарур аст, ки парвозашонро 13 соат интизор бимонанд. Ҳавопаймо парвози SZ-204-ро бояд соати 00:05 аз Санкт-Петербург анҷом медод.

Авбошии сарнишини тоҷик боиси таъхири парвози ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб гардид

Феълан замони парвоз соати 13:00 бо вақти Маскав муқаррар шудааст, аммо далели таъхири парвоз шарҳ дода нашудааст.

Қаблан парвоз аз Екатеринбург ба Душанбе ба муҳлати 7 соат ба таъхир афтода буд.

Дафтари матбуоти Колтсова шарҳ дода буд, ки таъхири парвоз дар натиҷаи он рух дод, ки ҳавопаймо дертар аз вақти муқарраршуда ба фурудгоҳ расид.