ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шуҳрат, як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол гузоштааст, ки дар интернет бархе аз уламои Арабистони Саудӣ чидани абрӯвонро ҷоиз хондаанд. Ӯ дар идома назари Шӯрои уламоро дар бораи чидани абрӯ пурсидааст.
“Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ чидани абрӯвон мамнуъ аст, хусусан барои мардон, зеро як навъ мусла - тағйири хилқат, ба ҳисоб меравад”, - посух додаст Шӯрои уламо.
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ба шикам хобидан раво нест
Корбари дигари сомонаи Шӯрои уламо бо номи Бунафша суол кардааст, ки оё додани равғани хук ба духтари дусолааш, ки мубталои бемории сулфа мебошад, дуруст аст?
“Хоҳари азиз, равғани хук ҳаром аст, аз ин рӯ, истеъмоли он барои хурду бузург манъ ва гуноҳ аст. Вале агар табиби ҳозиқи мусулмон дармони он бемориро бо ашёи ҳаром тавсия диҳад ва дигар давоҳо нафъ набахшад, дар ин сурат бо тавсияи ӯ истеъмоли он ҷоиз аст”, - омадааст дар посухнома.
Шӯрои уламо дар охир барои шифои комилу сиҳҳати оҷили фарзанди бемор дуо кардааст.