Раисҷумҳури Туркманистон писарашро вазир таъин кард

Сардор Бердимуҳаммадов, писари раисҷумҳури Туркманистон ба вазифаи вазири саноат ва сохтмон таъин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Ба гузориши расонаҳои хабарии маҳалӣ, ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, қарор дар бораи ташкили вазорати навро дар кишвараш ба имзо расонд.

Рақси ҳукуматдорони Туркманистон зери навои мусиқии Бердимуҳаммедов - навор

Тибқи қарори раисҷумҳур дар Туркманистон вазорати саноат ва сохтмон таъсис дода шуд.

Бо фармони дигар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, роҳбарии ин вазоратро бар дӯши писари худ Сардор Бердимуҳаммадов, гузоштааст.

Дар бораи писари раисиҷумҳури Туркманистон чӣ медонем?

Ёдрас мешавем, ки қаблан Сардор Бердимуҳаммадови 38-сола як сол пеш раиси вилояти Аҳали Туркманистон таъин шуда буд. Сардор Бердимуҳаммадов то таъин шуданаш дар вазифаи раисии вилояти Аҳал муовини раиси вилоят ва пеш аз он муовини вазири корҳои хориҷӣ буд. Вай ҳамзамон вакили порлумони Туркманистон низ мебошад.