Даъвати 11 омӯзгори Русия ба Суғд  дар соли хониши 2019-2020

Соли хониши 2019-2020, аз Федератсияи Русия 11 омӯзгор барои тадрис ба макотиби шаҳру навоҳии Суғд даъват шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи Суғд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, омӯзгорони рус бо дархости муассисаҳои таълимӣ  дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Хуҷанд ҷалб шудаанд.

“Омӯзгорони  рус, ҳоло дар Мактаби президентӣ дар шаҳри Бӯстон, дар се мактаб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар як мактаби хусусӣ дар шаҳри Хуҷанд ва дар як Литсей дар ноҳияи Спитамен аз фанҳои биология, химия, физика, математика ва забони русӣ ба хонандаҳо даср мегуянд” - гуфт, Каримзода.

Соли хониши гузашта низ мактабҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Конибодом, Истаравшан ва Хуҷанд барои ҷалби омӯзгорон аз Русия дархост ирсол намуда буданд.

Бим доштам, лекин қоил карданд: суҳбати омӯзгори рус баъди 1 соли кор дар Хуҷанд

Сардори Раёсати маорифи Суғд аз кори омӯзгорони рус изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки “маҳсули меҳнаташон хуб аст. Барои омода кардани хонандаҳо ба олимпиядаҳо ва озмунҳои байналмиллаӣ хеле фаъоланд”.

Барномаи ирсоли омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон аз феврали соли 2017, оғоз ёфта буд.

Ёдрас мешавем, ки маоши омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон ба дӯши ҳарду кишвар вогузор шудааст. Тоҷикистон ҳаҷми миёнаи маоши омӯзгоронро дар ҳудуди 14 ҳазор рубл ё 2130 сомонӣ пардохт мекунад ва 60 ҳазор рубли боқимонда (9131 сомонӣ)-ро Вазорати маорифи Русия бар ӯҳда дорад.

Масъулияти таъмини омӯзгорон бо манзили зистро ҳам Тоҷикистон бар ӯҳдаи худ гирифтааст