Дастури Президент: ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Чин парвоз кард

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Вуҳан парвоз кард. Дафтари матбуоти ВКХ менависад, ҳавопаймо кӯмаки башардӯстона низ дастрас хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" барои баргадонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Вуҳан парвоз кард.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкат дар "партави дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон" азми парвоз кардааст.

"Кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ҳавопаймои мазкур озими шаҳри Вуҳан шуданд", - менависад манбаъ.
Каронавирус: чаро Тоҷикистон донишҷӯёнашро аз Ухани Чин намебарорад?

Бино ба маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар Пекин, то 9 феврали 2020 дар шаҳри Вуҳан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошта, ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд.

"Ором бошед": ВУХ Тоҷикистон аз тоҷикони Чин хост, ки аз худ дарак диҳанд

Ҳавопайои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ аст, ки дар Вуҳан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида хоҳад шуд.

Сафорат ҳолати паҳн шудани коронавирус дар Чинро пайваста пайгирӣ намуда, мусоидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.