Раиси пешини Мастчоҳ ва номзад ба вакилӣ: Азиззода барномаи интихоботии худро ироа кард

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон, мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии "Мастчоҳ", №18 баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раиси ҳавза Абдураҳмон Сафаров зикр намудааст, ки вохӯрии мазкур тибқи талабот ва муқаррароти моддаҳои 14 ва 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Номзадии Рустам Эмомалӣ пешбарӣ шуд: раиси Душанбе дар интихобот иштирок мекунад

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии "Мастчоҳ", №18 Ғайрат Азиззода ва Ғайрат Оқилзода доир ба барномаи пешазинтихоботии худ сухан рондаанд.

Ба рӯзноманигорон гуфтанд дар бораи "Интихобот 2020" чӣ гуна нависанд

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён роҷеъ ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 5 соли минбаъда иттилоъ додааст.

"Интихобкунандагон доир ба барномаи номзадҳо саволҳо дода, фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд", - омадааст дар хабарнома

Оғози таблиғи маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бо ривояти аксҳо

Манбаъ афзуда, ки чунин мулоқот дар толори корхонаи муштараки "Апрелевка" дар шаҳраки Консой низ баргузор гардидааст.