Дар Тайланд як низоми сӯи муштариёни Маркази савдо оташ кушод

Аз тири як низомӣ дар Тайланд дасти кам 12 муштарии Маркази савдо кушта шуданд ва ҳамзамон 20 нафари дигар ҳамчун гаравгон дар дасти ӯ қарор доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Тайлан ба як бинои Маркази бузурги савдо низомии мусаллаҳ ворид мешавад ва муштариёнро ҳадафи ҳамла қарор медиҳад, менависад рӯзномаи Bangkok Post.

Ҳодисаи мазкур нисфирӯзи шанбе дар шаҳри Накхонратчасима рух додаст.

"Бар тибқи маълумоти пешакӣ, ин низомӣ нахуст ду ҳамкори худро паронда, сипас бо яроқ мусаллаҳ шуда бо худрав сӯйи Маркази савдо ҳай кард".

Гуфта мешавад, бар асари ҳамлаи низомӣ ба Маркази савдо дасти кам 12 нафар аз захми тир кушта шуда, беш аз 20 тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Тафсилоти бештар аз қатли 20 нафар дар иёлати Техаси Амрико

Феълан, низомии мусаллаҳ ҳудуди 21 нафар аз муштариёни ин марказро ба гарав гирифтаст. Ҳадс зада мешавад, ки номбурда бо 21 нафри ба гарав гирифта дар ошёнаи чоруми ин бино пинҳон шудаст.

Зимнан, номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳамлаи худ ба маркази савдо ва ба гарав гирифтани одамонро сабт ва паҳн намудааст. Зери навор ӯ афзудааст, ки "хаста шудаст".

Тирпарронӣ дар Миссурии ИМА чор кушта бар ҷой гузошт

Феълан омили даст ба куштор ва гаравгон гирифтани ин низомӣ маълум нест.