Вазири адлия: шумори дақиқи афвшудагонро дар соли гузашта эълон кард

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Тоҷикистон шумори дақиқи афвшудагонро эълон кард. Тибқи қонуни афве, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷуимҳури Тоҷикистон ба имзо расонида буд, қарор аст 20 ҳазор нафар афв шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе, зимни нишасти матботӣ гуфт, дар соли 2019 ҳамагӣ нисбати 10 ҳазору 574 нафар қонуни афв татбиқ шудааст.

Раҳмон Қонуни афвро имзо кард: 20 ҳазор зиндонӣ бахшида мешаванд

Ба гуфтаи вай, миёни афвшудагон на танҳо нафароне ҳастанд, ки аз маҳбас озод шуданд, балки зиндониёне ҳастанд, ки муҳлати адои ҷазояшон дар маҳбасхонаҳо кам карда шуд.

Тибқи омори вазири адлияи Тоҷикистон, нафароне, ки муҳлати нигоҳдориашон дар зиндон кам карда шудааст, 6757 нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни афв имзо гузошт ва тибқи ин қонун қарор аст, 20 ҳазор зиндонӣ афв шавад.

Қонуни мазкурро раисҷумҳури Тоҷикистон дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи  Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  пешниҳод шуда буд.

Бояд гуфт, ки қонуни афв нисбати шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ гардид. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.