На беш аз 10 соат: Маскав соати кории ронандаҳои таксиро коҳиш медиҳад

Маскав тасмим гирифтааст ба хотири коҳиш додани шумораи садамаҳои нақлиётӣ, соати кории ронандагони таксиро кам кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Маскав дар садади коркарди низоми наве мебошад, ки давомнокии кори ронандагони таксиро назорат мекунад, хабар медиҳад "Известия".

Дар Приморский муҳоҷиронро аз ҳаққи рондани автобус ва таксӣ маҳрум мекунанд

Низоми мазкур аз соли ҷорӣ ба ҳукми қонунӣ медарояд ва он минбаъд ба ронандаҳои таксӣ имкон намедиҳад, ки пас аз анҷоми соати корӣ ба замимаи телефонии мусофирбарӣ пайваст шаванд.

Ҳамин тариқ соати корӣ барои ронандаҳои таксӣ 8 - 10 соат муқаррар шудаст ва онҳо ҳақ надоранд, ки аз вақти муайяншудаи кор иловатан фаъолият кунанд.

Таксронҳои “Maxim”: ширкат рақобатро аз ҳисоби даромадҳояш ташкил кунад

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори департаменти нақлиёт ва рушди инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ Максим Ликсутов, баъзе ронандагони таксӣ дар як рӯз то 18-20 соат кор мекунанд, ки ин ғайри қобили қабул аст.

"Организми инсон наметавонад бе истироҳат ин қадар кор кунад. Бар замми ин ронанда назди мусофир масъул аст ва ӯро бояд соқу саломат то макони лозимӣ бурда расонад", - афзудааст Ликсутов.

Ликсутов инчунин қайд кард, ки системаи пешниҳодшуда ба пулис имкон медиҳад, то муайян намоянд, ки сари чанбараки мошин кӣ қарор дорад. Ҳамзамон ин тадбир аз ҳолатҳое, ки бо ширкати хизматрасонии таксӣ як кас шартнома мебандад, вале ба кор тамоман нафари дигар машғул мешавад, пешгирӣ намояд.

Зимнан, низоми мазкур ба хазинаи маълумоти БДА низ пайваст буда, имкон медиҳад, шаҳодатномаи ронандагӣ ва суғуртаи ҳар як ронандаро тафтиш кунад.