Муовини вазири фарҳанг: донишҷӯён дар “маршировка”-ҳо ишқи худро пайдо мекунанд

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷавонон дар чорабиниҳои давлатӣ, ба истиллоҳ “маршировка”-ҳо дар баробари майли иштирок муҳаббати худро пайдо мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Назариён Обид, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, мисол овард, ки ахиран ду ҷавон, аз ӯ изҳори сипос карданд, ки як дигарро маҳз дар ҳамин маршировкаҳо пайдо кардан ва оила барпо карданд.

Вай гуфт, аксари донишҷӯён дар чорабиниҳои давлатӣ, ба истиллоҳ “маршировка”-ҳо бо хоҳиши худ меоянду иштирок мекунанд.

“Семоҳӣ пахта мечидам, ҳозир академикам”: Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”-ҳо

Назариён Обид, боварӣ дорад, ки 90 дарсади муҳассилин дар “маршировка”-ҳо бо хоҳиши худ иштирок мекунанд.

Ба гуфтаи вай, то ҳол аз ҳеҷ як донишҷӯ дар "маршировка"- ҳо норозигӣ  баён накардааст, балки баръак изҳори сипос мекунанд.   

“Ман аз таҷрибаи худам мегуям, ки бо донишҷӯён ҳамроҳ дар ин маршировкаҳо иштирок мекунам, то ҳол, ман аз ягон ҷавон ҳеҷ як калимаи қабеҳ ё норозигӣ нисбати давлат, миллат ва чунин чорабинӣ нафаҳмидаам. Баръакс ҷавонон ба наздам меоянд мепурсанд кай маршировкаҳо шурӯъ мешаванд, то ки иштирок намоем”,- гуфт муовини вазир.

Вай афзуд дар аввал миёни донишҷӯён каме нофаҳмиҳо буд. Аммо ҳоло тақрибан 90 дарсади донишҷӯён хоҳиши иштирок дар ин чорабиниро доранд.

“Бовар кунед ҷавонон худашон бо майли худ меоянд. Онҳо мехоҳанд иштирок кунанд. Мо дар суҳбат бо муҳассилин ҳамеша таъкид мекунем, ки иштирок дар ин чорабинӣ ихтиёрӣ аст ”, - гуфт Назариён.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири фарҳанг зикр кард, ки иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ  ба истиллоҳ “маршировка”-ҳо танҳо пас аз таҳсил сурат мегирад ва ба хондани онҳо зараре намерасонад.

“Қаблан вазорати фарҳанг ва маориф бо ҳамаи ректорҳои донишгоҳҳои кишвар суҳбат доштем ва пешниҳод кардем, ки бигзор ҷавонон таҳсили худро идома диҳанд ва танҳо баъд аз дарс онҳо метавонанд дар ин чорабиниҳо иштирок кунанд”, - таъкид дошт Назариён Обид Одилзода.