ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Баъд аз бурузи вируси нав дар Чин бешари давлатҳо шаҳрвандонашонро аз кишвар, аз ҷумла шаҳри Ухан баргардониданд. Бино бар иттилои мақомоти Тоҷикистон, феълан дар маркази пайдоиши вирус, шаҳри Ухан 50 донишҷӯи тоҷик низ қарор доранд.
Пештар расонаҳо дар истинод ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов хабар доданд, ки Тоҷикистон аз мақомоти Русия ҷиҳати баргардонидани донишҷӯёнаш аз Ухан муроҷиат кардааст.
110 ҳазор ниқоб: Мақсудзода дар бораи захираи маводи муҳофизатӣ аз "коронавирус" гуфт
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин гузориш дода афзудааст, ки Чин аз мақомотҳои хориҷ дархости баровардани шаҳрвандонро накардааст.
"Ҷониби чинӣ айни замон масъалаи баровардани шаҳрвандони хориҷиро аз шаҳри Ухан баррасӣ надорад ва тавсия ҳам намедиҳад, зеро дар саросари музофоти мазкур карантин эълон шудааст", - таъкид мекунад манбаъ.
Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни тоҷик аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро бо Ҳукумати Чин анҷом хоҳад дод, афзудааст "Ховар".
Ёдрас мешавем, пештар Ҳукумати Русия ба мақомоти Тоҷикистон ваъда дод, ки пас аз ду ҳафта, аснои даври навбатии интиқоли шаҳрвандони рус аз шаҳри Ухани Чин, донишҷӯёни тоҷикро низ берун меорад.
Пештар аз баргаштани бештар аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз Чин хабар дода шуда буд, ки боно бар дастури вазорати тандурустӣ 14 рӯз таҳти назорати табибон хоҳанд монд.
Дар ҳамин ҳол, вазири тандурустии кишвар Насим Олимзода мегӯяд, донишҷӯёни тоҷик имрӯз то фардо вориди Тоҷикистон мешаванд.