Диққат! рейди 9-рӯзаи БДА - "Пиёдагард" дар саросари ҷумҳурӣ

Аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешавад, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷумҳурӣ амалиёт ё рейди "Пиёдагард" баргузор мешавад. Бино бар иттилои манбаъ, амалиёт дар сартосарии ҷумҳурӣ дар давоми 9 рӯз гузаронида хоҳад шуд.

"Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 11 то 20-уми феврали соли 2020 амалиёти "Пиёдагард"-ро мегузаронад", - амадааст дар эълони БДА.

Бозрасӣ аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват кардааст, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

"Рейд"-и 12 ронандаи "крутой" бо мошинҳои сиёҳшиша дар Душанбе - Видео

"Талаботи қоидаиҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоед. Ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред", - таъкид мекунад БДА.

Пештар, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе аз ошкорёбии якчанд далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани ойинаи воситаҳои нақлиёти гаронарзиш гузориш дод.

Рейд дар бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” барои фурӯши хӯриш: 45 фурӯшанда ҷарима шуд

Кормандони БДА дар пойтахт,  дар рафти як амалиёт, 12 ронандаро бо худравҳои "крутой"-ро дастгир кардаанд, ки оинаҳои мошинашонро бидуни иҷозатнома сиёҳ кардаанд.

Дар рафти амалиёт ошкор гардид аксар он нафароне, ки ба чунин қонуншиканӣ роҳ додаанд, соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ё ба қавле "крутой" мебошанд. Нисбати соҳибони чунин воситаҳои нақлиёт бо моддаи 330 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол карда шуданд.