Амри президент: китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оила туҳфа шавад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз амр дод, ки китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфа карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон амр додааст, ки китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғафуров марҳила ба марҳила нашр гардида, аз номи раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфа карда шавад.

Дайн пеши Ғафуров ё моҷарои чопи “Тоҷикон” дар Кобул - қисми 2

Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат тасмими зайлро барои баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва ҳамзамон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ба назар гирифтааст.

Нашри китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров бояд то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашр ва туҳфа карда шавад.

Ба ҳар оила дар Тоҷикистон китоби “Тоҷикон” тақдим мешавад

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро гардидани амри мазкур, Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати молия, Агентии омор, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намудааст.