Қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии Тоҷикистон : рубл каме боло рафт

Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи асъори хориҷиро дар рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид дар бозори нақду ғайринақдии кишвар эълон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон каме боло рафта, аз 0.1528 то 0.1530 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон гузориш додааст.

Коронавирус рублро заиф кард: коҳиш дар Тоҷикистон ва пешгӯии иқтисоддонҳои Русия

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  аз 9.6962 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.7124 то 10.8000 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.6962 сомонӣ, 1 евро - 10.7124 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1528 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.