Аҳмадзода дар бораи ҷараёни тақсими марз бо Қирғизистон гуфт

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, гуфтушуниди ҷонибҳо дар бораи тақсими марз бо Қирғизистон идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Бино ба гуфти Раиси вилояти Суғд, ҳоло кори комиссияи салоҳиятдори ду ҷониб таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Жениш Раззоқов, муовини сарвазири Қирғизистон дар марз идома дорад.

Дар пешбурди кори Комиссияи муайян ва аломатгузории марз аз тарафи Тоҷикистон ба ҳисоби Азим Иброҳим 18 нафари дигар шомил ҳастанд ва ҷониби Қирғизистон низ ба ҷуз муовини сарвазир Раззоқов, шумори ашхоси лозимро ҷалб намудааст.

Раҳмон ва Жээнбеков масъалаи марзиро баррасӣ карданд

 “Ман боварии комил дорам, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ин масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва баробарарзиш ҳал мешаванд. Мо имрӯз ягон ваҷаб замини худро бе асос ба ягон кас намедиҳем. Ворух анклав нест ва масъалаҳои тақсими марз дар доираи гуфтушуниди ҷонибҳо ҳал карда мешавад”, - таъкид намуд Аҳмадзода.

Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 987 километр марзи муштарак доранд. Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳо, ки соли 2001 ду кишвар эҷод карданд, танҳо соли 2013 тавонист 520 километри марзро дар қисматҳои баландкӯҳ тасбит кунад.

Бақия 467 километри он ба вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рост меояд, ки то ба ҳол муайян нашудааст.

Ҳайатҳои ду кишвар дар Исфара ҳоло тасмим гирифтаанд дар қадами аввал 114 километри онро дар қисматҳои Самарқандак ва Кӯктош (ҳамсоя бо Сомониёни Исфара) таъйин ва аломатгузорӣ кунанд ва ин ба ба он маъност, ки кори 353 километри дигар, бахусус минтақаи Ворух ба баъд афтодааст.

Раиси вилояти Суғд, изҳори умедворӣ кард, ки масъалаи тақсими марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи кори комиссияи ду ҷониба бо роҳи дипломатӣ ва ҳамчунин баробарарзиш ҳал карда хоҳад шуд.