"Дар паноҳи Офаридагор бошед": сипосгузории Убайдуллоев аз дӯстонаш

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар сафҳааш дар Facebook аз корбароне, ки зодрӯзашро барояш табрик гуфта буданд, самимона сипосгузорӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, рӯзи 1 феврал 68 сола шуд.

Ӯ аз корбарони Facebook, ки зодрӯзашро барояш муборакбод гуфтаанд, сипосгузорӣ кардааст. Убайдуллоев дар паёме, ки дар сафҳааш дар Facebook мунтариш карда, навиштааст:

"Дӯстони беҳамтои арҷманд!!! Бо эҳтирому самимияти бениҳоят, арзи сипосмандии беназир садоқатмандона дар робита ба шодбошиҳоятон ба хотири зодрӯзам бароятон саломатию саодатмандӣ, сарфарозӣ, фараҳмандию фирӯзмандӣ, комгорию комронӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям", - навиштааст Убайдуллоев.

Ӯ афзудааст, ки дӯстонаш ҳамеша муваффақ, сарбаланд, хонаобод ва ҷовидона дар паноҳи бегазанди Офаридагор бошанд.

Собиқ шаҳрдор ва раиси Маҷлиси миллӣ: Маҳмадсаид Убайдуллоев 68-сола шуд

Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад ва наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд.

Убайдуллоев яке аз камшумортарин сиёсатмадорони тоҷик аст, ки дар шабакаҳои иҷтимӣ бо номи худ фаъол аст.