Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Шоҳиёнро барканору Мирзозодаро ба ҷояш таъйин кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури чанд фармон масъулини КДАМ, Вазорати дифоъ ва маорифро ҷо ба ҷо кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод ва ба ин вазифа Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, ки дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон фаъолият дошт, таъин гардид.

Бо Қарори Ҳукумат Шоҳиён Абдусаттор муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, мутобиқи банди 9 моддаи 69  Конститутсия, пешниҳоди Президент дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон озод намудани Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ва ба ин вазифа ҷиҳати додани ризоият номзадии Зоирзода Икром Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.

Тибқи иттилои котибот, бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири дифоъ, муовинони вазорати маориф, роҳбарияти Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии "Кӯлоб", "Данғара", "Панҷ", Директор ва муовинони Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ", комиссарони ҳарбии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, командирони қисмҳои низомии Вазорати дифоъ, вобастаҳои ҳарбӣ дар назди як қатор Сафоратҳо дар кишварҳои хориҷӣ, сардорони баъзе отрядҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардидаанд.