Раҳмон мудири нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентро таъин кард

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ҳукумат дар бораи таъиноти кадрии ахирро ироа кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон қарорҳои Ҳукуматро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо кард, пешниҳод намуд.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон Шоҳиёнро барканору Мирзозодаро ба ҷояш таъйин кард

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Машхул, ки то ин дам муовини якуми мудириМаркази тадқиқоти стратегии назди Президент буд, ҳамакнун директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Дар ин росто, Қодирзода Диловар Баҳриддин, ки то ин дам мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод гардид.

13 қарори Президент: аз барканории мудири фурудгоҳи Кӯлоб то таъини муовини вазири дифоъ

Қодирзода Диловар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон муовини Вазири маориф таъин шуд.