Раиси “Амонатбонк”: доллар дар бонк ҳаст, аммо...

Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ гуфт, бонк ҳамарӯза аҳолии кишварро бо беш аз як миллион доллар таъмин менамояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раиси “Амонатбонк” афзуд, ки шахсони ҳуқуқӣ, ки ба доллар ниёз доранд ҳамеша онро пайдо мекунанд.

“Танҳо “Амонатбонк” ҳар рӯз беш аз як миллион долларро ба фурӯш мегузорад. Баъзе рӯзҳо мо то 2-3 миллион доллар мефурушем. Ин пули андак нест. Ғайр аз мо дигар бонкҳо ҳам доллар ба фурӯш мебароранд”, - таъкид дошт Икромӣ.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Вай афзуд, нафароне, ки мехоҳанд доллари бихаранд, онҳо бештар ба фаъолияти пинҳонӣ машғуланд ва онҳо намехоҳанд, аз фаъолияташон сохторҳои андозбандӣ огаҳ шаванд. Мо аз ин гуна нафарон ҷонибдорӣ намекунем.   

Инчунин раиси “Амонатбонк” аз нокомии иқдомҳои Бонки миллии Тоҷикистон  барои баробар кардани фарқияти қурби доллар дар бозори сиёҳ ва расмӣ таъкид кард.

“Вақте ман дар Бонки миллӣ кор мекардам, мо ба бозор доллари зиёд мебаровардем, мехостем “маржа”-ро яъне фарқияти қурб дар бозори расмӣ ва бозори сиёҳро поин биёрем, аммо нашуд. Ин масрафҳо аз захираи тиллову асъори кишвар сурат мегирад. Дар ҳоле, ки таъсир карда наметавонем, чаро хароҷот кунем?”, - гуфт Икромӣ.   

Вай афзуд, ҳар нафаре, ки тиҷорати шаффоф дорад, суратҳисоби бонкӣ, барномаи тиҷоратӣ ва асъорро барои ягон мақсад мехарад барои ӯ харидани доллар  мушкил нест.

“Мо доллари нақд дорем, биёед пеши мо, фақат ба мо хабар диҳед, ки долларро бо кадом мақсад харидорӣ мекунед. Танҳо дар ҳамин сурат мо шуморо пурра ба доллар таъмин хоҳем кард”, - таъкид дошт Икромӣ.