Дуздӣ аз дохили мошин нимашаб дар Душанбе: ҷавони 23-сола дастгир шуд

Бино бар иттилои тафтишоти пешакӣ як ҷавони сокни ноҳияи Рӯдакӣ ба дуздии 2-адад аккумулятор муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздӣ аз дохили автомашина дар шабҳангом гузориш медиҳад. Гуфта мешавад, қазия дар маркази шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Зани 20-сола муттаҳам ба дуздии беш аз 24 ҳазор сомонӣ аз дохили ошхона дар ноҳияи Айнӣ

Ҳамин тавр, ниҳод аз шикояти марде менависад, ки аз дохили худраваш ду таҷҳизоташ гум шудааст.

"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ариза марди 28-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми январи соли 2020, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хова”, ки дар кӯчаи Фирдавсӣ беназорат меистод, 2-адад аккумулятор, ки арзиши умумиашон 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - омадааст дар иттилоия.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шайнаки Мулло Гадои ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.