Барои пешгирии вируси “тоҷдор” кумак кунед: дархости Тоҷикистон аз Русия

Вазорати тандурустӣ ба мақомоти Русия муроҷиат намудааст, ки барои пешгирӣ аз вируси “тоҷдор” ба ҷумҳурӣ кумак намоянд. Созмони беҳдошту беҳзистии Русия (Роспотребнадзор) омодагии худро барои кумак ба Тоҷикистон эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Русия дархост пешниҳод намудааст, ки барои пешгирӣ аз бемории коронавурус ва гузаронидани амалиётҳои профилактикӣ кумак ба ҷумҳурӣ кумак намояд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Тоҷикистон”.

Афзоиши шумори қурбониёни вируси "тоҷдор”: то имрӯз 425 нафар фавтид

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ Созмони беҳдошту беҳзистии Русия (Роспотребнадзор) омодагии худро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон эълон намудааст.

Инчунин манбаъ, қайд намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон рӯйхати махсусро, аз таҷҳизоти тиббӣ, ки барои лабароторияҳо заруранд, то ҳароратсанҷро ба ҷониби Русия пешниҳод кардааст, ки кумак расонад. Инчунин, ҷониби Тоҷикистон аз Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хоҳиш кардааст, ки барои табибон либосҳои махсуси тиббӣ дастрас намоянд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, то кунун 285 нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, зери муоинаи пизишкон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи мақомот, инҳо шахсоне мебошанд, ки аз нимаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин вориди Тоҷикистон шудаанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳамзамон, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон қайд намудааст, ки бештари ин афрод донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд.

“Дар миёни ин афрод нишонаҳои вирус то кунун ошкор нашудааст”, - афзуд вай.

Русия барои ташхиси вируси "тоҷдор" ба Тоҷикистон таҷҳизот медиҳад

Ёдрас мешавем, чанде пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 301 нафаре, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар беморхонаҳои сироятии кишвар бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд.

"Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  шуд ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин сару садоҳо дар мавриди сироят будани бистаришудагон бо коронавирусро бепоя хонда мегӯяд, шахсони аз Чин ба Тоҷикистон воридшуда, танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар кишвар дар беморхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.