Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

13 қарори Президент: аз барканории мудири фурудгоҳи Кӯлоб то таъини муовини вазири дифоъ

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ҳукумат дар бораи таъиноти кадрии ахирро ироа кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон қарорҳои Ҳукуматро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо кард, пешниҳод намуд.

  • Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Комилов Алӣ Фозилович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" озод карда шавад.
  • Садулоев Асламбек Юсуфович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" озод карда шавад.
  • Мамадаминов Ҳасан Мамадаминович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" озод карда шавад.
  • Каримзода Саъдӣ Ғафор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" озод карда шавад.
  • Шоҳиён Абдусаттор муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Қодирзода Диловар Баҳриддин муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Собирзода Нуралӣ Миралӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Ҳомидзода Нуралӣ Раҳматулло директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" таъин карда шавад.
  • Абдуллозода Мустафо Рустам роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" таъин карда шавад.
  • Ятимзода Муҳаммад Аҳмад роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" таъин карда шавад.
  • Нурзода Рухсора Хайриддин муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.