Қадршиносии Путин аз се иштирокчии 95-солаи ҶБВ аз Суғд

Дар маросими эътои ҷоиза дар рӯзи 31-уми январ ба ҳисоби намояндаҳои баландмақоми Русия, Мадина Бобоиён, муовини раиси шаҳри Исфара ва дигар шахсони масъул, ба манзили Улмас Мирзоортиқов ташриф овардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik Бар асоси фармони Владимр Путин, Улмас Мирзоортиқов, сокини шаҳри Исфара, Абдуқодир Холматов сокини ноҳияи Ашт ва Абдулло Ҷӯраев сокини ноҳияи Спитамен, ки ин се нафар сокинони 95-солаи вилояти Суғд ва ИҶБВ гуфта мешаванд бо медали “75 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сарфароз гардонида шуданд.

Наваду чор соли пурбаракат: вопасин иштирокдори ҶБВ аз Хуҷанд даргузашт

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Шавкат Алиев, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Суғд иттилоъ дод ва гуфт, ин ҷоизаҳоро аз номи раисиҷумҳури Русия ба Мирзоортиқов, Холматов ва Ҷӯраев, ҳафтаи гузашта Андрей Варламов, Консули генералии Русия ва Иван Иванов, роҳбари "Россотрудничество" дар шаҳри Хуҷанд тақдим кардаанд.

Дар маросими эътои ҷоиза ба дар рӯзи 31-уми январ ба ҳисоби намояндаҳои баландмақоми Русия, Мадина Бобоиён, муовини раиси шаҳри Исфара ва дигар шахсони масъул, дар шаҳри Исфара ба манзили Улмас Мирзоортиқов ташриф оварда, барои соҳиб шудан ба ин мукофот, ӯро табрик намуда, барояш саломатӣ ва умри дароз таманно кардаанд.

“Бо шарофати шумо имрӯз мо дар мамлакати осоишта, озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем. Ташаккури зиёд ба Ғалаба, барои осмони осоишта ва тоза дар болои сар!",  - иброз намудаанд, ҳайати меҳмонон ба Мирзоортиқов.

Қадршиносии Путин аз се иштирокчии 95-солаи ҶБВ аз Суғд

Бино ба иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд, 65 иштирокчии ҶБВ, ки айёми ҷавонии худро дар миёни дуду оташи ҷанг сипарӣ карда, саломат ба Ватан расидаанд.

Улмас Мирзоортиқов, Абдуқодир Холматов ва Абдулло Ҷӯраев, се иштирокчии ҶБВ дорои шаҳрвандии Русия будаанд. Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон дар кишвар 198 собиқадорони ҶБВ ва ё Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунанд.

Аммо ин шумора қариб ҳаррӯз тағйир меёбад. Ба иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҶБВ ҳудуди 300 ҳазор мардону занон сафарбар шуда, аз ин шумора беш аз 92 ҳазор ҳалоку бенишон шудааанд, ки 30 ҳазори онҳо сокинони вилояти Суғд гуфта мешавад.