"Тоҷикстандарт": воридоти маҳсулоти хӯрока аз Чин пурра қатъ шудааст

Раиси оҷонсӣ мегӯяд, пештар аз Чин ба Тоҷикистон чой ворид мешуд, аммо баъд аз хабарҳо дар бораи паҳншавии вируси хатарнок дар кишвар, Тоҷикистон воридоти чойи хушкро низ қатъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Воридоти маҳсулоти хӯрока аз ҷумҳурии Чин ба Тоҷикистон пурра қатъ шудааст, гуфт Қудрат Давлатзода, раиси оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Коронавирус: ҳар нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, 14 рӯз таҳти назорат мемонад

Давлатзода афзудааст, ки дар соли 2019 ба Тоҷикистон аз Чин маҳсулоти хӯрока, ба истиснои чойи хушк ворид нашудааст ва чой низ баъди хабарҳо дар бораи коронавирус қатъ гардидааст.

Намояндагони оҷонс дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё ниҳод имконияти муайян кардани коронавирус дар дохили маҳсулотро дорад, гуфтаанд, ки вирус танҳо дар ҷисми зинда инкишоф меёбад, на дар ашёҳои беҷон.

"Мо мутахассиси соҳаи тандурустӣ нестем, аммо вазифаамон муайян кардани мутобиқати маҳсулот ба стандартҳост. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, вирус танҳо дар ҷисими зинда инкишоф меёбад", -таъкид кардааст Давлатзода.

Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд.

Коронавирус: ҳар нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, 14 рӯз таҳти назорат мемонад

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.