Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони ҶБВ рафт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ ба аёдати собиқадорони меҳнат рафта бо онҳо суҳбат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнатро аёдат намудааст.

Бино ба гузориши мақомоти вилоят, Аҳмадзода, аз ҷумла собиқадори ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳотам Шокиров ва собиқадори меҳнат Кучак Муллоҷоновро аёдат карда, бо пирони рӯзгор суҳбат кардааст.

Дар аснои суҳбат зикр шудааст, ки  Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамоянд.

Посбонон нагузоштанд, раисҷумҳур худ ба назди собиқадор рафт (Навор)

Ёдрас мешавем, ки бо фармони Владимр Путин Улмас Мирзоортиқов, сокини шаҳри Исфара, Абдуқодир Холматов сокини ноҳияи Ашт ва Абдулло Ҷӯраев сокини ноҳияи Спитамен, ки сокинони 95-солаи вилояти Суғд гуфта мешаванд, бо медали "75 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сарфароз гардонида шуданд.

Ин ҷоизаҳоро аз номи раисиҷумҳури Русия ба Мирзоортиқов, Холматов ва Ҷӯраев, ҳафтаи гузашта Андрей Варламов, Консули генералии Русия ва Иван Иванов, роҳбари "Россотрудничество" дар шаҳри Хуҷанд тақдим кардаанд.

Бино ба иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд, 65 иштирокчии ҶБВ, ки айёми ҷавонии худро дар миёни дуду оташи ҷанг сипарӣ карда, саломат ба Ватан расидаанд.

Улмас Мирзоортиқов, Абдуқодир Холматов ва Абдулло Ҷӯраев, се иштирокчии ҶБВ дорои шаҳрвандии Русия будаанд. Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон дар кишвар 198 собиқадорони ҶБВ ва ё Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунанд.

Аммо ин шумора қариб ҳаррӯз тағйир меёбад. Ба иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҶБВ ҳудуди 300 ҳазор мардону занон сафарбар шуда, аз ин шумора беш аз 92 ҳазор ҳалоку бенишон шудааанд, ки 30 ҳазори онҳо сокинони вилояти Суғд гуфта мешавад.