Муноқишаи гуруҳӣ бо марги ҷавони 19-сола анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муноқишаи ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки бо марги ҷавони 19-сола анҷомид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маъмурини милиса дар пайи як амалиёт се ҷавони 24, 19 ва 18-соларо боздошт кардаанд, ки дар марги марди 19-сола муттаҳам мешаванд.

ВУД: ҷавони 22-сола писарамакашро 11 бор корд зад

“Номбурдагон, санаи 1-уми феврали соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар деҳаи Меҳрбахши ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов шаҳри мазкур, бо ҷавони 19-солаи сокини кӯчаи Н.Ҳасани ҳамин шаҳр вохӯрда, аз сабаби муноқиша бо корд 1 бор ба қафаси синааш задаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, мардони боздоштшуда сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат мебошанд, ки бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудаанд.

Манбаъ тафсилоти бештари қазияро ироа накарда, таъкид намудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.