ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вобаста ба вазъи эпидемикии коронавируси 2019-n CoV дар Чин, бо назардошти робитаи зич бо ин кишвар тавассути гузаргоҳи Қулма, дар нуқтаи назорати санитарии карантини Қулма чорабиниҳои назоратии зидди эпидемикӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар нуқтаи назоратии санитарии карантинии "Қулма" айни замон 1-табиби эпидемолог ва 2-ёрдамчии духтури эпидемолог фаъолият доранд. Дар ННСК-и "Қулма"-и ноҳияи Мурғоб 1-адад ҳароратсанҷаки дистансионии бадан, 4-адад ҳароратсанҷ, 4-воситаҳои фардии муҳофизатии махсус ва инчунин маводҳои безараргардониву ниқобу дастпӯшак ба таври кофӣ мавҷуд мебошад.
Таъйиди марги нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин
Дар идома гуфта мешавад, ки ба беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 25 воситаҳои фардии муҳофизатии махсус, 1350 дастпӯшак, 70 респератор, 400 ниқоб, 2 хилъат, 12 пробирка барои гирифтани намуна ҷиҳати ташхис дастрас гардонида шудаанд.
Айни ҳол дар беморхонаи Конақурғон 15 нафар ва дар касалхонаи ноҳиявӣ 4 нафар дар карантин буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. То ин замон дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории коронавирус пайдо нагардидааст.
Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад, 14 рӯз бояд дар зери назорати табибон қарор гирад.
Вазъият дар зери назорати қатъии Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои он қарор дода шудааст ва дар ноҳия ситоди доимоамалкунанда фаъолият дорад.