Бахтиёр Қосимов: сурудхонӣ бо фонограмма зери назорат гирифта мешавад

Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар вилояти Суғд, мегӯяд, Шӯрои бадеии ин ниҳод ба назорати истифодаи фонограмма аз ҷониби сарояндаҳои кишвар машғул хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Бисёриҳо барои он чипта мехаранд, ки консерти зинда шунаванд, чун гӯш кардани мусиқии зинда, навозиши зинда ба кас лаззат мебахшад, изҳор дошт сардори Раёсати фарҳанги Суғд зимни нишасти матбуотӣ.

Ҷонибек дар бораи ҳунари Шабнам, ранҷидан аз Юлдуз, “вискӣ”, Қадам ва филми урён - навор

Ба гуфтаи Қосимо, тибқи муқаррароти қонунӣ истифодаи фонограмма ба таври +, яъне мусиқӣ ва садои қаблан сабтшуда дар шароити толорҳои пӯшида мумкин нест, вале мушоҳида мешавад, ки бисёре аз сарояндаҳо инро ба инобат намегиранд.

“Мувофиқи қонун дар муассисаҳои пӯшида, истифода кардани фонограмма ба таври + дар вақти баргузории барномаҳои консертӣ аслан мумкин нест. Бисёриҳо ба он хотир ба консерти овозхонҳо чипта мехаранд, ки овози зинда шунаванд. Гӯш кардани мусиқии зинда, навозиши зинда ба кас лаззат мебахшад”, - гуфт Қосимов.

Сардори Раёсати фарҳанг ҳамчунин гуфт, ки сарояндаҳо дар куҷо ва дар кадом вақт аз фонограмма истифода кунанд. Ӯ гуфт, дар ҷойҳои кушод, аз ҷумла дар варзишгоҳҳо, ки ба ҳисоби вазиши шамол, омилҳои дигар ба рафти баргузории чорабинӣ таъсир мерасонанд, сарояндаҳо метавонанд фонограмма истифода кунанд. Чунин меъёри иҷозаи фонограмма на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст, иброз намуд Қосимов.

Матни таронаи сарояндаҳо хароб аст: Шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо ташкил шуд

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2008 бо қабули як қарор барои овозхонҳо сурудхонӣ бо фонограммаро дар барномаҳои консертӣ ва ҳам дар тӯю маъракаҳои шаҳрвандон манъ карда буд.

Масъулини Вазорати фарҳанг иброз медоранд, ки раванди истифодаи фонограмма ба рушди фарҳанги овозхонӣ дар Тоҷикистон латма мезанад. Аммо иддае аз овозхонҳо мегӯянд, истифодаи фонограмма як бозёфти мусиқии навин аст ва бидуни он ҳам рушд додани ҳунари сарояндагӣ дар Тоҷикистон имкон надорад.

Дар ҳоли мушкили камбуди асбобҳои муосири мусиқӣ ва камбуди коргардонҳои касбии танзими овоз, фонограмма ин имкониятро барои овозхонҳои тоҷик фароҳам меорад, мегӯянд коршиносон. Бархеи дигар аз соҳибназарон мегӯянд, ҳадди ақал риояи панҷоҳ дарсад зиндасароӣ дар барномаҳои консертӣ аз сӯи овозхонҳо риоя шавад, дар акси ҳол ҳунарманди хушсадо номидани онҳо зери савол мемонад.