Рӯзи 2 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1924 Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ таъсис дода шуд.
Соли 2003 дар Қирғизистон раъйпурсӣ баргузор гардид ва Конститутсияи ин ҷумҳурӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Соли 2003 дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гандбол дастаи Хорватия дастаи Германияро бо ҳисоби 34-31 мағлуб кард ва чемпиони ҷаҳон шуд.
Соли 1970 дар Мюнхен аввалин маротиба чарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани асабҳо гузаронида шуд.
Рӯзи 2 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Ҷопон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуд.
Соли 2016 дар Душанбе маросими қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ баргузор гардид.
Соли 2017 дар шаҳри Душанбе нобудкунии навбатии маводи мухаддир баргузор гардид.
Агентии назорати маводи нашъаовар дар асоси қонунгузорӣ дар оташдони махсус зиёда аз 430 килограмм маводи мухаддирро сӯзонид.
Соли 2017 дар Душанбе ҳамкории судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Венгрия муҳокима гардид.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинониданд.
Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сиёсати давлатии саноат» — ро баррасӣ намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 2 феврал
- Рӯзи паҳн намудани иттилоот дар бораи артрити ревматоидӣ
- Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҷавонон.