Таъйиди марги нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ марги нахустин қурбонии вируси тоҷдор берун аз Чинро, таъйид кард. Қурбони ин вируси марговар марди 44-сола гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

Бино ба гузориши ин ниҳод, нахустин қурбонии вируси нави 2019-nCoV дар Филиппин ба қайд гирифта шуд. Қурбони ин вируси марговар марди 44-сола, сокини шаҳри Ухан гардид.

"Марди 44-сола дуюмин гирифтори вируси 2019-nCoV дар Филиппин буд. Ӯ 1 феврали соли 2020 ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба омори феълӣ то ин замон дар саросари ҷаҳон 14,4 ҳазор кас мубталои вируси "тоҷдор" шудааст. Дар ин шабонарӯз беш аз 46 кас ҷон бохта, дар умум ин вирус ҷони 304 нафарро гирифтааст.

Муҳим: тавсияҳои ТУТ барои гирифтор нашудан ба "коронавирус"

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Чин феълан 80 ҳазор кас аз ташхис гузаронида мешавад ва 328 нафар аз ин вирус табобат ёфтааст.

Вируси "тоҷдор"

Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Шаҳр "мурд": Ухан-маркази пайдоиши коронавирус чӣ ҳол дорад - гузориши аксӣ

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

"Ором бошед": ВУХ Тоҷикистон аз тоҷикони Чин хост, ки аз худ дарак диҳанд

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрвади Чин бо вируси тоҷдор ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал.