Изҳороти расмии Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Далер Шарифов

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран қазияи боздошти рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро бо нашри як изҳорот шарҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Маркази матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороте, ки 1 феврал нашр кардааст, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Шарифов Далерро дар нашри мақолаҳои дорои мазмуни эсктремистӣ, муттаҳам мекунад.

“Ба ҷамъият хавфе надорад”: дархости раҳоии рӯзноманигор Шарифов аз додгоҳи болоӣ

"Шарипов Далерҷон Абдуманноновичсоли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", - омадааст дар изҳороти расмӣ.

Изҳороти Анҷумани ВАО-и Тоҷикистон ва қарори ҳабси пешакии Далер Шарифов

Манбаъ афзуда, ки моҳи июни соли 2019 Шарипов рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи  пинҳонӣ интишор сохтааст.

"Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд".

Тибқи изҳороти Додситонии кулл, "бо назардошти бараъло мавҷуд будани таркиби ҷинояти барангехтани кинаву адовати динӣ дар ҳаракатҳои Шарипов Д.А., 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо қарори Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 январи соли 2020 ӯ ба ҳабс гирифта шуд".

Ин дар ҳолест, ки Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хондааст.

“Ба ҷамъият хавфе надорад”: дархости раҳоии рӯзноманигор Шарифов аз додгоҳи болоӣ

"Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди мақоми вай ‐ гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт”, - омадааст дар изҳорот.

Анҷумани миллии ВАО афзудааст, ки алъон, чизи мушаххасе гуфта наметавонад, зеро дастрасӣ  ба иттилоот дар робита ба қазияи Далер Шарифовро надорад.

"Ҳамзамон, аз мақомоти тафтишот  боисрор талаб дорем, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад. Мо қазияро ҳамаҷониба мавриди пайгирӣ қарор додем, дар сурати дастрас шудани маълумоти нав мавқеамонро боз ҳам мушаххас мегардонем”, - омадааст дар изҳорот.

Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш ба далели мушкили пайдо кардани кори доимӣ дар ВАО, баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд.