ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Имрӯзҳо дар вилояти Суғд, 7678 занони роҳбар ва 1267 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият доранд.
Дар ин бора сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
“Мактаби сарварӣ” дар Хуҷанд теъдоди раисаҳоро зиёд кард
Ба иттилои номбурда, феълан аз ҳисоби занони вилоят як нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакили Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳии вилоят ва 543 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пешин зиёд аст.
Духтарони ВМКБ - ро барои фаъолият дар "мақомҳои баланд" омода мекунанд
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор низ назаррас буда, дар соли 2019 - ум 60 нафар бонуи ҳунарманд, соҳиби гранти Раиси вилоят гардиданд.