Рублу сомониҳои сохта дар муомила: дар Тоҷикистон се "пулсоз"-ро дастгир карданд

Онҳо бо мақсади даромади муфт 55 ҳазор рубли русӣ ва бештар аз 3 ҳазор сомонӣ пулҳои сохтаро ба муомила баровардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 01 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон се нафарро ба гумони сохтани пул дастгир карданд, гузориш медиҳад ВКД.

Бино бар иттилои манбаъ, онҳо ҳазорҳо сомониву рубли русиро ба муомила баровардаанд.

Фурӯши як хона ба чанд нафар: боздошти хонафӯруши қалбакӣ дар Душанбе
Тавре манбаъ менависад, "ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 41, 40 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд".

"Номбурдагон, санаи 28-уми январи соли 2020 бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул шудаанд, ки аз онҳо 55 ҳазор рубли русии қалбакӣ ва 3 ҳазору 500 сомонӣ гирифта шуд", - омадааст дар иттилои ВУД.

Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакӣ дар Кишинёв

Тибқи моддаи мазкур, барои тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори хориҷӣ аз 5 сол то 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мешавад.