Фармони нави Эмомалӣ Раҳмон: 20 сол барои риёзидон шудани тоҷикистониён

Раисиҷумҳури Тоҷикистон фармоне бароварда, ки мувофиқи он солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар 20 соли омӯзиши фаннҳои дақиқ эълом кард.

Бмно ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, фармони мазкур рӯзи 31 январ имзо шуда, мақсад тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.

"Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд", - омадааст дар фармони Президент.

Дар ин росто, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор шудаанд, нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.