Пешбинӣ: дар моҳи март арзиши орд дар Тоҷикистон боз боло меравад

Эҳтимоли афзоиши нархи орд дар моҳи март аст , ки ин афзоиш то бардошти маҳсули нави гандум идома хоҳад дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раиси хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон аз эҳтимоли афзоиши нархи орд дар ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.

Бан нақл аз сомонаи "Парс тудэй", Абдулмаҷид Муминзод гуфт, эҳтимоли афзоиши нархи орд дар моҳи март аст , ки ин афзоиш то бардошти маҳсули нави гандум идома хоҳад дошт.

Бехатарии орд: супориши Камолзода ба масъулин барои омода кардани дастури техникӣ

Ин дар ҳоле аст,ки дар соли 2019 нархи орд дар Тоҷикистон шаш бор афзоиш дошт.

Ба гуфтаи раиси хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон дар соли 2019 нархи ҳар тон гандуми воридотӣ аз Қазоқистон аз 35 то 45 доллар афзоиш ёфт.

Тоҷикистон дар соли 2019 аз Қазоқистон ҳудуди 1 миллион тон гандум ворид кард.

Кумаки башарӣ: Тоҷикистон ба маблағи 43 миллион доллар орд ва дигар маҳсулот дарёфт кард

Ҳамакнун нархи як линча орди 50 киллои дар бозорҳои Тоҷикистон аз 185 то 220 сомонӣ ( муодили 18 то 23 доллар ) харид ва фуруш мешавад ,ки пеш аз ин дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар 170 сомонӣ ( муодили 17 доллар ) буд.

Воридкунандагон ва фурушандагони орд дар Тоҷикистон , камбуди доллар дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон ва  боло шудани нархи гандум дар кишвари тавлидкунанда - Қазоқистон ва аворизи гумрукиро далелҳои аслии афзоиши нархи орд эълом мекунанд.

Онҳо мегуянд Қазоқистон аслитарин кишвари содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст ,ки ҳар навасони нарх дар ин кишвар , бозори Тоҷикистонро ҳам таҳти таъсир қарор медиҳад.

Тоҷикистон дар сол ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад ,ки 1 миллион тони он дар дохили кишвар тавлид ва 1 миллион тони дигари ин маҳсули муҳими ғазоиро аз Қазоқистон ворид мекунад.