Раиси шаҳри Роғун бо маҳбусони авфшуда дидору мулоқот кард

Дар вохӯрӣ раиси шаҳр ба шахсони афвшуда барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва ба касбу кори доимӣ машғул шудан маслиҳатҳо дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар шаҳри Роғун мулоқоти раиси шаҳр Музаффар Сулаймонзода ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  бо маҳбусоне,  ки аз адои минбаъдаи ҷазо озод шудаанд, баргузор шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ раиси шаҳр ба шахсони афвшуда барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва  ба касбу кори доимӣ машғул шудан маслиҳатҳо дод.

"Ҳамзамон ба шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун супориш дода шуд, ки афвшудагонеро, ки маълумоти зарурӣ надоранд, ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва касбомӯзӣ фаро гиранд", - менависад манбаъ.
Коршинос гуфт кадом муҳоҷирони тоҷикро дар Русия метавонанд авф кунанд

Бояд ёдовар шуд, ки бо дастури Президент  Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи  авф" 25 октябри соли 2019 ба тасвиб расид,  ки  дар доираи қонуни мазкур аз  шаҳри Роғун 21 нафар маҳбус ба озодӣ  баромаданд.

Вокуниши ВУД ба хабари тамаъҷӯии муфаттишон аз маҳбусон

Дар ин давра аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун ҷиҳати расонидани кумаки иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити меҳнатӣ ва расонидани ёрии моддию ҳуқуқӣ барои рафъи оқибатҳои адои ҷазо ба 19 нафар афвшуда дар давраи бекориашон кумакпулии яквақтаина ба маблағи 7600  сомонӣ  расонида шуд.

Ҳамчунин 8 нафар озодшуда, ки ба  Маркази саломатии шаҳрӣ барои табобат муроҷиат кардаанд, аз ташхиси пурраи тиббии  ройгон гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд.