Мурғҳои хатарнок: боздошти гушту тухмҳои тоҷикиву узбакӣ

Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон эълон наамдааст, ки дар вилояти Суғд беш аз 20 ҳазор кило тухми мурғе, ки ба саломатии инсон хатар доштааст мусодира ва нобуд карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аз ҷониби комрмандони ин ниҳод дар гузаргоҳи сарҳадии “Патар”-и шаҳри Конибодом 20 ҳазору 375 кило ё 342 ҳазор дона тухми мурғи истеҳсоли Узбакистон, ки аз тарафи ширкати “Сафар 2012” ворид карда шуд, боздошт гардидааст.

“Тоҷикстандарт”: хабари манъи воридоти тухми мурғ ва маҳсулоти қаннодӣ овоза мебошад

Тибқи иттилои манбаъ, маҳсулоти мазкур дар асоси хулосаи Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд ҳамчун маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнок дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида дар партовгоҳи Хадамоти назорати санитарии шаҳри Хуҷанд нобуд карда шуд.

Ҳамзамон бино бар иттилои ин ниҳод дар ин давра дар шаҳри Душанбе 12,8 тонна қимаи гӯшти мурғ, ки аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бидуни ҳуҷатҳои тасдиқкунанда ва роҳбаладӣ ба шаҳри Душанбе ворид гардидааст мусодира шудааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки қимаи гӯшти мурғ низ пастсифат буда, дар асоси ташхиси Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар партовгоҳи КВД “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” нобуд карда шуд.