Кумитаи озуқавории Тоҷикистон аз ҷарима бастани 91 соҳибкор хабар дод

Дар Тоҷикистон дар соли гузашта 91 соҳибкор барои риоя накардани қоидаҳои бойторӣ фитосанитарӣ ва ҷарима шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тавре масъулини Кумитаи озуқавории Тоҷикистон таъкид доштанд, барои вайрон намудани қоидаҳои бойторӣ ва фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назорати бойторию фитосанитарӣ дар соли гузашта нисбати 91 соҳибкор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар Турсунзода 222 нафар барои ифлоскунии муҳити зист ҷарима шуданд

Бино бар иттилои манбаъ, маблағи ҷаримаи соҳибкорон 129 510 сомониро ташкил дода, маблағҳои ҷарима ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид гардида аст.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки аз тарафи шуъбаи махсуси карантини милитсияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар дидбонгоҳи муқарраргардида ва санҷишҳои амалиётии муштарак дар давоми соли гузашта 3533 адад қонунвайронкуниҳо дар самти қонунгузории бехатарии озуқаворӣ ошкор шуда, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз он ҷумла 2314 адад дар самти назорати бойторӣ ва 1219 адад дар самти назорати фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ аз рӯи тобеъияит ба мақомоти бехатарии озуқаворӣ ирсол карда шудааст.

Инчунин, дар давоми соли 2019 барои вайрон кардани қонунгузории тухмӣ нисбати 129 нафар шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеъӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб маблағи умумии 17 ҳазору 765 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шуд .  

Дар маҷмӯъ,  дар давоми соли 2019 аз тарафи мақомоти бехатарии озуқаворӣ 4898 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ 846 950 сомонӣ ворид карда шуд.