Айби “вируси тоҷдор”: манъи воридоти маводи ғизоии Made in China ба Тоҷикистон

Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон воридоти ҳама гуна маҳсулоти хӯрокаи чинро манъ кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар умум ҳеҷ як соҳибкор иҷозаи ворид кардани маводи ғизоиро надорад, ба истиснои чой ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, пас аз вусъат ёфтани эпидемияи “вируси тоҷдор” дар Чин ба ниҳодҳои зирабт дастур шудааст, ки ҳатто маҳсулоти воридотии кишварҳои сеюм низ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шаванд.

Вазорати нақлиёт чиниҳоро дар Тоҷикистон рӯйхат мекунаду зери назорат мегирад

 “Худи дирӯз чандин тон меваи чинӣ, ки соҳикорон мехостанд тариқи марзи Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон кунанд, бозпас гардонида шуданд. Ниҳодҳое, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолият доранд, назири марзбонӣ, гумрук ва ташхисгоҳҳои вазорати тандурустӣ дар ҳоли пайдо кардани маводи ғизоии чинӣ вазифадоранд, ки онҳоро пас гардонанд ва нагузоранд, ки вориди Тоҷикистон шаванд. Ҳатто аз рӯзе, ки “вируси тоҷдор” пайдо шуд, воридоти чой низ аз Чин манъ шудааст”, - гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Тоҷикистон минҳайси як ҳамсоякишвари Чин аз шурӯъи қазияи “вируси тоҷдор” тадобири шадидеро рӯи даст гирифт. Аз ҷумла ҳукумати ин кишвар ситоди 18 – нафараеро бо раҳбарии Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъсис дод, ки дар он ба шумули вазорати тандурустӣ, мақомоти марзбонӣ, гумрук, милиса ва дигар кумитаҳои зирабт шомиланд.

Бино ба иттилое, ки Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон матраҳ кард, то соати 8 – и субҳи имрӯз, 30 январ, дар Чин 1737 гирифтори дигари “вируси тоҷдор” сабт шуда, теъдоди онҳон ба 7711 расидааст ва то ба ҳол 170 нафар аз ин офат фавтидаанд.

Омодагии Тоҷикистон барои хуруҷи шаҳрвандонаш аз Чин

Абдулваҳҳоб Афғонов, муовини сардори Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумитаи амнияти озуқаворӣ, дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, то ба ҳол дар ҳайвонҳое, ки дар ҳудуди кишвар ҳастанд, нишонаҳои “вируси тоҷдор” ошкор нашудаанд, аммо назорати байторӣ ташдид ёфтааст.

“Хуруҷи “вируси тоҷдор” дар Чин аз сӯи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эпидемия эътироф шудааст. Онро дар кишварҳои ҷаҳон низ ошкор кардаанд, аммо СҶТ онро ҳанӯз пандемия ё як маризии сироятии умумиҷаҳонӣ эълон накардааст. Дар ҳоли пандемия эълон шудани он тамоми кишварҳо дар ҳудудҳои худ чораҳои карантиниро рӯи даст мегиранд, аз ҷумла Тоҷикистон”, - гуфт Абдулваҳҳоб Афғонов.

Қаблан вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки тамоми шаҳрвандони чинии ҳозир дар корхонаҳои кишварро сабти ном ва бо иттифоқи ҳамкорони тоҷикашон аз ташхиси тиббӣ мегузаронад.

Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёт, гуфт шаҳрвандони Чин, ки дар Тоҷикистон кор мекунанду ҷиҳати таҷлили соли нави чинӣ ба ватан рафтаанд, ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаронида хоҳанд шуд.

 “Сабти номи шаҳрвандони Чин идома дорад. Аз ширкатҳои чиние, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, талаб кардем, то рӯйхати коргаронашонро ба мо ироа кунанд. Мо рӯйхатро дар ихтиёри вазорати тандурустӣ қарор хоҳем дод. Тибқи иттилои мо, дар лоиҳаҳои инвеститсионии вазорати нақлиёт 1497 кор мекунанд, ки 266 нафари онҳо чинианд. Мушкил ин аст, ки мо намедонем, чанд нафари онҳо барои соли навашон рафтаанд ва чанди дигар ин ҷоянд. Аз ин хотир, бояд дақиқ кунем”, - гуфт Сӯҳроб Мирзозода.

Тибқи иттилои вазорати нақлиёт, парвози тайёраҳо низ дар масири Душанбе – Урумчи қатъ шудаанд ва Қулма, ягона гузаргоҳи миёни Тоҷикистону Чин низ масдуд шудааст. Масдуд шудани масирҳои ҳавоӣ ва тиҷорӣ бо Чин дар ҳолест, ки ҳамсояи шарқӣ яке аз шарикони умдаи тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меояд.

Гузаргоҳе, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайваст, баста шуд

Тибқи иттилои вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2019 660 миллион долларро ташкил додааст, аммо ҷолиб ин аст, ки аз ин рақам танҳо ба 55 миллион доллар содирот ва 605 миллион доллар воридот рост меояд.

Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини аввали вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гуфт, дар шароити кунунӣ маҳсулоти чинӣ тариқи кишварҳои дигар ба Тоҷикистон ворид мешаванд.

“Вазъи мавҷуд то ба ҳол ба гардиши мол миёни ду кишвар таъсири манфӣ нарасондааст. Мо молҳои чиниро на фақат тариқи Қулма, балки бештар тариқи бандарҳои кишварҳои дигар ба даст меорем, ки аз он ҷоҳо ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд”, - гуфт Тоҷиддин Ҷӯразода. Вай афзуд, гузаргоҳи Қулмаро на Тоҷикистон, балки худи Чин масдуд кардааст.