ВУД: ҷавони 22-сола писарамакашро 11 бор корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати кордзании дигар хабар додаст, ки дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ рух додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Рӯзи 27-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ марди 32-сола бистарӣ шудаст, хабар дод Вазорати умури дохилӣ.

Дашноми қабеҳ доду дар қафаси синааш корд зад: авбошӣ дар Душанбе

Ба иттилои манбаъ, ҷабрдида, ки дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуд, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ӯро дар саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш, писари аммааш марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳалевард, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, лату кӯб намуда, бо корд 11-маротиба ба баданаш задааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Қаблан ВУД Тоҷикистон таъкид карда буд, ки бисёри ҷиноятҳои куштор дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ рух додаанд.