Вазир аз бунёди роҳи оҳан ва пули нав байни Тоҷикистону Афғонистон гуфт

Тибқи иттилои вазири нақлиёт, дар ин бора байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Афғонистон созишнома ба имзо расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки дар оянда Тоҷикистону Афғонистонро роҳи оҳан пайваст хоҳад кард.

Роҳи оҳани Узбакистон то охири сол дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаб месозад

Бино бар иттилои масъулин, дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид.

Тибқи санади мазкур, дар оянда миёни Тоҷикистон ва Афғонистон роҳи оҳан бунёд мегардад.

Санади мазкур дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст шудан бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обии Бандар Аббосу Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон замина мегузорад.

Роҳи оҳани Узбакистон то охири сол дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаб месозад

Ҳамчунин тибқи иттилои вазир, дар болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул-Ойхонум  кӯпруки нав сохта  шуда, дарозии пул 297 метр, паҳноии он 4,5 метр, иқтидори борбардориаш 60 тонна, дарозии роҳи  мошингарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо тақрибан 9,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Таъкид шуд, ки  мақсад аз бунёди  пул ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин кушодани масири нави нақлиётӣ мебошад.