Толибон дар марз бо Тоҷикистон 12 танро куштанд

Шаби 28 ба 29 январ "Толибон" минтақаи Дашти Арчиро, ки дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст, муҳосира намуда, ҳамла карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) яке аз минтақаҳои музофоти Қундузро ба муҳосира гирифтанд, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин бора телевизиони Ariana News хабар додааст.

Ҳамла шаби 28 ба 29 январ сурат гирифтааст.

Мақомоти Афғонистон: Толибон дар паи фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Бино бар иттилои мақомоти маҳаллӣ, "Толибон" дар маркази минтақаи Дашти Арча ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарафтоданд.

Дар пайи тирпарронӣ байни толибон ва мақомот 12 низомӣ ва кормандони полис ҳалок шудаанд. Ҳамчунин, 4 полис ва 8 низомӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бино бар иттилои мақомоти расмии Қундуз, 3 низомии дигар бедарак шудаанд.

Ёдрас мешавем, дар Афғонистон муҳорибаи шадиди толибон ва ҳукумат идома дорад. Гурӯҳи радикалӣ қисми калони деҳаҳои Афғонистонро таҳти нуфузи худ қарор дода, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунад.

Ҳамчунин, дар кишвар нуфузи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" зиёд мешавад.