ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне дар пойтахт гузориш медиҳад, ки пештар бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст.
Ин дафъа ҷавон дар маркази Душанбе рӯирост даст ба ғоратгарӣ задааст.
"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза зани 21-солаи сокини кӯчаи Толстойи пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми январи соли 2020, тахминан соати 18:20-дақиқа, дар кӯчаи Борбад шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Ҷ5”, ки арзишаш 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар иттилои ВУД.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини кӯчаи П.Сулаймонии шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 248, 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Моддаи 237 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.
Тибқи моддаи 248 (Ғоратгарӣ) муҷрим аз се сол то панҷ сол равонаи зиндон мегардад.