Сафири нави Афғонистон – дучархароне аз роҳҳои Ромиту Хоҷа Обигарм

Сафири ҷадиди Афғонистон дар Тоҷикистон замоне вориди Душанбе мешавад, ки сафири қаблӣ Залмай Юнусӣ ҳанӯз моҳи майи соли 2018 ҳудуди 20 моҳи пеш вазифаро тарк гуфта, озими Кобул шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафир ва намояндаи фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, 27 январ, ҷиҳати оғози вазифа вориди Душанбе шуд. Муҷибуллоҳ Маликзода, ройзани фарҳангии сафорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар майдони ҳавоии байнулмилалии Душанбе эшонро сарпарасту дипломатҳои сафорат ва намояндагони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол намуданд.

“Эшон сипас дар мақарри сафорат бо кормандони он дидори таоруфӣ ба амал оварданд”, - гуфт Охундзода.

Аммо то ин замон гапу калочаҳои зиёде дар атрофи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон чарх мезаданд ва зикри онҳо дар ин мақтаъи замонӣ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Сафир барои як солу 6 моҳ

Сафири ҷадиди Афғонистон дар Тоҷикистон замоне вориди Душанбе мешавад, ки сафири қаблӣ Залмай Юнусӣ ҳанӯз моҳи майи соли 2018 ҳудуди 20 моҳи пеш вазифаро тарк гуфта, озими Кобул шуда буд. Маъмурияти Юнусӣ пас аз як солу шаш моҳ бо амри раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай хатм ва худаш бозхонд шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон: ҳамкориҳо дар ду самт рушд карда истодаанд

Ӯ дар гузашта мушовири Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва дар интихоботи президентии соли 2014 раҳбари ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шимоли Афғонистон буд. То ин замон сафорати Афғонистон дар Тоҷикистонро сарпарастон - Саид Маъсуми Бадахш ва аз 24 декабри соли гузашта Аҳмад Амирзода идора мекарданд.

Сафири Русия аз ҳамлаи теруристҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор дод

Бадахш аҳли Бадахшон, аз афроди наздик ба Салоҳуддин Раббонӣ, вазири собиқи хориҷӣ ва Амирзода, зодаи вилояти Парвони Афғонистон, аз ақориби Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон буданд. Бадахш пас аз анҷоми маъмурияти сесолааш ба Афғонистон баргашт, Амирзода ҳамоно консули сафорат аст.

Дар пайи интихоботи президентии соли 2014 дар Афғонистон, ки Ғаниву Абдуллоҳ рақибони аслӣ буданд ва ҳеҷ яке пирӯзии дигареро напазируфт, бо миёнҷигарии Амрико як ҳукумати Ваҳдати миллӣ арзи вуҷуд кард ва қудрат миёни ин ду 50 ба 50 тақсим шуд. Тибқи ин тақсимот курсии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба Доктор Абдуллоҳ, дақиқтараш, Ато Муҳаммади Нур, яке аз пуштибонони қавии ӯ расид.

Тақаррури Залмай Юнусиро ба ҳамин воқеиятҳои Афғонистон рабт медиҳанд. Аммо пас аз заиф шудани мавқеи Доктор Абдуллоҳ дар ҳукумати Ваҳдати миллӣ ва ихтилофҳои Ато Муҳаммади Нур бо Ашраф Ғанӣ маъмурияти Юнусӣ низ ба он ҷо кашида шуд, ки дар боло зикраш рафт.

Сафирони ноком

Он чӣ баъд аз ин дар робита бо курсии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон иттифоқ афтод, намунае аз ташдиди ихтилофҳо миёни раисҷумҳур Ғанӣ ва раиси иҷроия Абдуллоҳ буд. Ба ҷои Юнусӣ яке дигар аз тими Абдуллоҳ ба номи Неъматуллоҳ Арғандобӣ пешниҳод шуд ва расонаҳои Афғонистон аз таъйини ӯ ба ин вазифа хабар доданд. Мавсуф низ дар интихоботи президентии соли 2014 ситоди интихоботии Абдуллоҳро дар вилоёти ҷануб раҳбарӣ мекард ва замони тақаррур мушовири раиси иҷроияи Афғонистон буд, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ остонаи сафорати кишвараш дар Душанберо зер накард.
Генерал-лейтенант Муҳаммад Зоҳир ба мақоми сафир дар Тоҷикистон таъин шуд

Моҳи октябри соли 2018 Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳошияи як ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе гуфт, ки ихтиёри таъйини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон салоҳияти вазорати корҳои хориҷист ва таъхир дар таъйини сафири нав ягон қасди изофие надорад, балки танҳо як ҷузъи тартиботи дипломатист.

Дуруст пас аз як рӯз расонаҳои Афғонистон аз тақаррури Шоҳгул Ризоӣ, намояндаи вилояти Ғазнӣ дар Вулуси Ҷирга – палатаи поёнии парлумони Афғонистон ба сафирии ин кишвар дар Тоҷикистон хабар доданд. Расонаҳо чӣ?

Ӯ худ дар як пресс-конфронс аз тақаррури худ хабар дод! Хонум Ризоӣ фарди наздик ба Сарвар Дониш, муовини раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ буд. Аммо ӯ низ вориди Душанбе нашуд. Агар бахт даст медод, аввалин сафири зане мебуд, ки Афғонистонро дар Тоҷикистон намояндагӣ мекард.

Бахти чӣ касе хандид?

Аз таъиноти Зоҳир Ағбар расонаҳои Афғонистон ҳанӯз моҳи июли соли 2019 хабар дода буданд. Аммо тавре дида мешавад, насиби сафорати ӯ маҳз имрӯз будааст, ки фардо, 30 январ, сари кор хоҳад буд.

Вазир аз бунёди роҳи оҳан ва пули нав байни Тоҷикистону Афғонистон гуфт

Генерал – полковник Муҳаммад Зоҳир Ағбар 1 январи 1964 дар шаҳри Ҷалолобод, маркази маъмурии вилояти Нангарҳор аз падару модари панҷшерӣ ба дунё омадааст.

Падари ӯ Муъинуддин дар ин вилояти ҷанубии Афғонистон минҳайси афсари ҳукуматӣ ифои вазифа мекард. Мактаби миёнаро дар ин шаҳр хонда, аз синфи 9 шомили мактаби низомӣ мешавад. Ҷавонии ӯ ба даврони ҳукумати коммунистии Кобул рост меояд, ки ӯ дар оғоз афсари артиш ва раиси маркази таълимии вазорати дифоъи Афғонистон буд. Пас аз суқути ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ ба сафи муҷоҳидини Аҳмадшоҳи Масъуд пайваста, дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ (1992 – 2001) фармондеҳи горди муҳофизи раиси ҷумҳур буд ва ҳам як давра дар симати муовини раиси амнияти миллӣ, ки он замон марҳум Маршал Муҳаммад Қасим Фаҳим буд, анҷоми вазифа кардааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро рад кард

Дар замони муқовимати Ҷабҳаи муттаҳиди таҳти раҳбарии марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд алайҳи Толибон дар вазифаи муовини вазири дифоъ дар бахши амният кор мекард. Гоҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои низомӣ ба Тоҷикистон низ меомад. Аҳли хонаводаи ӯ низ дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Пас аз суқути режими Толибон дар ҳукумати Ҳомид Карзай дар оғоз раиси умумии Афғонистон буд. Сипас раиси умумии варзиш, тарбияти бадан ва олимпик ва ҳамзамон раиси Кумитаи мубориза бо маводи мухаддир (2003) ва муовини вазири корҳои дохилӣ (2004), баъди канор рафтан аз хизмати низомӣ раиси Кумитаи олимпии Афғонистон (2009 – 2013) буд. Дар интихоботи президентии соли 2014 аз номзадии Доктор Абдуллоҳ ҳимоят кард ва як муддат дар вазифаи мушовири раиси иҷроия дар умури амнияти миллӣ кор кард. Аммо, ба қавли мардуми бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар ошно, курсии зимомдории сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба шарофати наздикияш бо Амруллоҳ Солеҳ, ҳоло муовини аввал дар гуруҳи интихоботии доктор Ғанӣ насибаш шудааст. То омадан ба Душанбе ӯ консули генералии Афғонистон дар Мюнхени Олмон буд.

Зоҳир Ағбар, амакбачаи Сиддиқ ва Тоҳири Шабоб овозхонони маъруфи Афғонистон аст. Аммо генерал Зоҳир Ағбар фарди барои доираҳое дар Тоҷикистон ноошно нест. Бино ба гуфтаи афроде, ки ӯро мешиносанд, Ағбар Душанберо хеле дӯст медошт ва дар минтақаи Фурӯшгоҳи Марказӣ як хона ҳам дорад. Як писараш ба номи Меҳрон дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадааст, ба қавле, ҳоло ҳам бо лаҳҷаи тоҷикӣ дар ҳадди аҳсан ҳарф мезанад. Ағбар ғизои қаҳвахонаи туркии “Мерве”-ро меписандид. Гоҳо бо дучарха ба Хоҷа Обигарм ё Ромит рафта меомад ва ошноёни душанбегиашро дар шигифт меандохт... Аммо ин ҳама он замон буд. Ин замон ӯ минҳайси сафири кишвараш вориди Тоҷикистон мешавад пас аз он ҳама шигифтиҳои дипломатӣ, ки буданд ва шояд хоҳанд буд...