“Аз қафои пул давида гаштӣ”: вазири нақлиёт дар бораи IRS ва мушкилоти роҳ

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз вазъи нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ, ки ба гуфтааш мушкилтарин масири кишвар мебошад, изҳори розигӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “як чизро рӯирост мегӯям, агар ҳамин роҳ пулакӣ намебуд, мо нигоҳдории ин роҳро ба ин дараҷае, ки ҳаст таъмин кардан наметавонистем”.

IRS: агар зарурат пайдо шавад, боз роҳро мебандем

Ӯ дар мавриди интиқодҳои қаблӣ аз ширкати IRS гуфт, ин раванди корӣ аст ва ба ҷаласаҳои корӣ аз ҷумла масъулини ширкатҳои IRS, “Шоҳроҳ 2016” ва “Данғарасохтмон” даъват карда мешаванд. Ба иттилои вазир, “Шоҳроҳ – 2016” ба нигоҳдории роҳи Восеъ – Ховалинг ва “Данғарасохтмон” ба нигоҳдории масири Сайрон – Қарамиқ машғул мебошад.

Худоёрзода бо зикри таҷрибаи зиёдаш дар бахши нақлиёт гуфт, масири Душанбе – Чаноқ аз мураккабтаринҳо дар кишвар буда, роҳбандиҳое, ки рух медиҳанд, ногузиранд.

“Барф шадид мешавад, тарма аз ду тараф мефарояд, дар баъзе ҷой биниш нест. Вақте биниш нест, мо ҳуқуқ надорем механизаторро маҷбур кунем, ки бародар роҳро тоза кунед”, - изҳор дошт ӯ.

“Пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад”: эълони IRS дар бораи роҳбандӣ ва “иддаои баъзеҳо”

Инчунин вазири нақлиёт аз бархе ронандагон интиқод кард, ки бидуни омодагӣ ва муҷаҳҳазсозии мошинашон ба роҳ мебароянд. Ӯ аз сафари ахираш дар масири Душанбе – Чаноқ зикр карда гуфт, дар роҳ мошини “Астра” бо присеп - ядаки аз худаш вазнинтар дармонда буд.  

Худоёрзода гуфт, 5 нафар зани савори ин “Опел”-ро бо мошинаш то галлерея расонду ночор ба механизатор супориш дод, ки корашро монда, ин мошинро то ҷои зарурӣ кашида барад.

Вазир гуфт, дар хитоб ба ронанда таъкид намуд, ки “эй бародар ту аз қафои пул давида гаштию, хоҳарҳою модарҳои моро дар азоб мемонӣ”.

Вазир афзуд, алайҳи ронандагоне, ки бидуни омодагӣ ба роҳ мебароянд, бояд санадҳо тартиб дода шаванд.