ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати марди 60-сола дар пайи садама дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 27 январ дар кӯчаи Зарафшон рух додааст.
ВУД далели ҳодисаро аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромадани ронанда менависад.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Солярис", Азизов Фирдавс Шералиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Баҳоваддинов ба самти кӯчаи Зарафшони пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои Маркази омӯзиши забонҳо “Нури Хирад”, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шукуров Абдуназар Бобораҷабович, соли 1960, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст", - тавзеҳ медҳад манбаъ.
Дар натиҷа, пиёдагард Шукуров А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рўи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.