Зиёд шудани ихтилоф миёни Ашраф Ғанӣ ва сиёсатмадорони Афғонистон дар масири сулҳ

Ихтилофи давлати Кобул бо шахсиятҳои сиёсӣ дар бораи мавзӯи коҳиши хушунатҳо, шароити душвореро барои пешбурди раванди сулҳи ин кишвар ба вуҷуд овардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шуморе аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон дар нишасти дирӯз (шанбе)- Кобул дар бораи раванди сулҳи ин кишвар ва эҷоди тарҳе муштарак барои чигунагии расидан ба ин муҳим табодули назар карданд, иттилоъ додааст хабаргузоории “Parstoday” дар истинод ба Тасним.

Мақомоти Афғонистон: Толибон дар паи фиреби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст

Дар ин нишаст, ки ба мизбонии Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дуввуми раиси иҷроии Афғонистон баргузор шуда буд, Ҳомид Карзай раисҷумҳури собиқ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроӣ, Муҳаммадюнуси Қонунӣ муовини собиқи раисҷумҳур, Карим Халилӣ раиси Шӯрои олии сулҳ ва шуморе дигар аз сиёсатмадорони афғон дидгоҳҳои худро баён доштанд.

Абдуллоҳ дар ин нишаст бо баёни ин, ки ҳеҷ кас набояд ба далели манофеи шахсӣ монеи раванди сулҳ  шавад, хостори мушорикати фарогир дар ин раванд шуд.

Карим Халилӣ низ бо ишора ба мувофиқати "Толибон" барои коҳиши хушунатҳо гуфт, ин ба маънии коҳиши ҷанг буда ва яке аз роҳҳои усулӣ аст, ки дар ҳар музокирае барои дастёбӣ ба он талош мешавад.