Зайнура Азимӣ: ҳисоботҳои бардуруғ пешниҳод накунед ва ба чашми якдигар хок назанед

Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд аз масъулини шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо талаб кард, ки дигар ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод накунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар ҷараёни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи Раёсати фарҳанг аз сард будани аксар муассисаҳои фарҳангии ҳудуди вилоят дар давраи зимистонгузаронӣ изҳори нигаронӣ кард.

Интиқоди Азим Иброҳим аз омодагии Суғд ба давраи зимистонгузаронӣ

Муовини раиси вилояти Суғд гуфт, ҳолати китобхонаҳо ва клубу хонаҳои фарҳангӣ ба талаботи зимистонгузаронӣ мутобиқат намекунанд, вале масъулини соҳа ҳисобҳои бардурӯғ пешниҳод мекунанд.

Ҷаласаи Ҳукумат: баррасии супоришҳои раисиҷумҳур дар ВМКБ ва зимистонгузаронӣ

“Маълум, ки ҳамаи мудирони шӯъбаи фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳо дар фасли зимистонгузаронӣ хариддории ҳезуму ангиштро сад дарсад таъмин накардаанд. Такрор шавад ҳам мегуям ба чашми якдигар хок назанитон. Ягон муассисаи фарҳангӣ имрӯз гарм нест ва танҳо як печи барқӣ мондагӣ тамом. Аксар китобхонаҳо ва хонаҳои фарҳангӣ ҳам ҳамин аҳвол. Лекин шахсони мутасаддӣ дар вақти талаб кардани ҳисобот, нағзакак ҳуҷҷатҳои солҳои гузаштаро нусхабардорӣ карда гирифта мебиёранд, ки гуё ҳамаш хуб аст. Дигар бо ин шева корбарӣ бас аст”, - гуфт Азимӣ.

Бино ба иттилоъи Раёсати фарҳанг, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 650 муассисаи фарҳангӣ фаъолият мекунад.

Се ноҳияи Хатлон то ҳол ба мавсими зимистонгузаронӣ омода нестанд

Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг дар Суғд гуфт, соли гузашта ба ҷуз он, ки шуморе аз ин муассисаҳои фарҳангӣ таъмир карда шуданд, ҳамчунин чанде аз иншоотҳои нави фарҳангӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

 “Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ, дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмнови ноҳияи Б. Ғафуров Қасри фарҳанг бо филиали мактаби санъати баччагона, дар ноҳияи Спитамен Қасри фарҳанг, осорхона, китобхона ва мактаби мусиқӣ, дар ноҳияи Зафаробод Қасри фарҳанг бо ташкили маҳилҳои рассомӣ ва шашкаву шоҳмот, рақс ва боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ бо таоми шароит муҳайё гардида ба истифода дода шуд”, - афзуд Қосимов.

Бино ба иттилоъи расмӣ соли гузашта аз ҳисоби буҷҷаи вилоят барои рушду тақвияти соҳаи фарҳанг 4 милион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар будааст.