Дидори Хусрав Нозирӣ бо вазири тиҷорат ва саноати Қатар

Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба иҷлоси навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки қарор аст соли ҷорӣ дар пойтахти Қатар баргузор гардад, баррасӣ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Рӯзи 27 январи 2020 дар Давҳа муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Султон ибни Рошид ал-Хотир дидор ва гуфтугӯ намудааст.

Раҳмон унвонии Амири Қатар барқияи шодбошӣ ирсол намуда ӯро ба Тоҷикистон даъват кард

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба иҷлоси навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки қарор аст соли ҷорӣ дар пойтахти Қатар баргузор гардад, баррасӣ шудаанд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардидааст.

Пештар хабар дода шуд, ки сарвазир, вазири корҳои дохилии Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Сарвазири Қатар ба Тоҷикистон меояд

Интизор меравад, ки сарвазир дар дувумин конфронси байналмилалии “Об барои рушди пойдор 2018-2028” -ро, ки қарор аст рӯзҳои 18-20 июни имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, ширкат хоҳад кард.